ҚАДРДОНИИ БОНУВОН ДАР РӮЗИ МОДАР

1122

Имрӯз (05.03.2021) бахшида ба Рӯзи модар – 8-уми март дар толори калони Донишгоҳи миллӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо самимияти хос ҳайати занону бонувон ва донишҷӯдухтаронро бо ин рӯзи неку фархунда табрик гуфта, оид ба хизматҳои шоёни занону бонувон ибрози андеша намуданд. Мавсуф зимни суханронӣ аз дастгириҳои бонувону занони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи модарон дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуда, қайд намуд, ки “Имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши арзишманд доранд. Маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд”.

Ҳамзамон, ректори донишгоҳ дар чорабинии тантанавӣ зумрае аз бонувони донишгоҳро бо “Ифтихорнома” қадрдонӣ намуданд.

Сипас ансанбли халқии “Наврӯз”-и ДМТ баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти зан-модар барномаи фарҳангиро намоиш доданд, ки дар он сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Зикриоллоҳ Ҳакимов, Наимҷони Сайдалӣ, Шердил Исматов, Анушервони Ғафурӣ ва ҳаҷвнигор Ҷамшеди Ҳалим иштирок ва сурудхонӣ намуданд.