ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ДОНИШ”

1127

Имрўз (13.01.2021) дар толори калони ДМТ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии солонаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-и донишгоҳ ифтитоҳ гардид.

Дар кори маҷлис Хонов Абдураҳмон-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”, ректори донишгоҳ, Хушвахтзода Қ.Х. шунида шуда, музокирачиён бо ҳамовозии аъзоёни ҳизб ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон, тибқи рӯзномаи маҷлиси ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”, ки то ин вақт ба души мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷик Дӯстзода Ҳ. иҷро менамуд,  бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб устоди факултети таърих Ҷамолиддин Шарипов интихоб гардид.

Сипас Хонов Абдураҳмон роҷеъ ба дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат суханронӣ намуда, афзуд, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал гузошта, тадбирҳои судмандро мунтазам амалӣ менамояд. Зикр шуд, ки дар амали намудани барномаҳои ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи он, рушди илму техника, фановарӣ ва тарғиби идеологияи солими миллӣ ҳайати омӯзгорон нақши арзишманд доранд.

Дар интиҳо як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, як зумра фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.