ҚАДРДОНИИ ОМӮЗГОРОН ВА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ “ДОНИШҶӮ ВА ПЕШРАФТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ”

370

Имрӯз бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи Ҳафтаи илм ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода ва олимону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа зумрае аз омӯзгорону кормандон ва ғолибони озмуни “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” муаррифиву қадрдонӣ шуданд.

Дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ барои иштирок дар озмуни мазкур ва зумрае аз омӯзгорони донишгоҳ, аз ҷумла Давлатмамадова Мавлуда – устоди факултети химия, Маҳмадизода Қарор – устоди факултети филологияи тоҷик, Асадова Моҳчеҳра – корманди донишгоҳ барои фаъолияти пурсамарашон (Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон) қадрдонӣ шуданд.

Дар умум дастаи донишгоҳ соҳиби 26 ҷойи ифтихорӣ: 7 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 11 ҷойи сеюм ва 2 Ифтихорномаи вазорати маориф ва илм гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. устодону донишҷӯёни донишгоҳро барои дастоварди навбатияшон самимона табрик намуда, дар корҳои минбаъдаи илмию эҷодияшон комёбиҳо таманно намуд.

Дастоварду ғолибият муборак!