ҲАФТАИ «ФРАНКАФОНӢ» ДАР ДМТ

309

Имрӯз (05.05.2023) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба ҳафтаи забони фаронсавӣ «Франкофония» дар ДМТ чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет Р.Шодиев оғоз ёфт.

Дар чорабинӣ кордори Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эрик Любедал ва намояндагони маркази фарҳангии «Бохтар» иштирок варзиданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. зимни ифтитоҳи чорабинӣ зикр намуд, ки чорабинии мазкур дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса гузаронида мешавад. Мақсад ва ҳадафи баргузор намудани чунин чорабинӣ такмил доданималакаву маҳорати омӯзиши забони фаронсавӣ, ҳамзамон, арҷ ва эҳтиром гузоштан ба забон, фарҳанг ва анъанаҳои ин кишвари ба мо дӯст мебошад ва роҳандозии чунин маҳфилҳо ҷиҳати таҳким бахшидани робитаҳои байниҳамдигарӣ мусоидат менамояд.

Сипас кордори Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эрик Любедал сухан намуда, зикр кард, ки рӯзҳои забони фаронсавӣ дар 70 давлати ҷаҳон таҷлил мегардад.

Ҳадаф аз баргузории рӯзҳои «Франкафонӣ» табодули байнифарҳангӣ ва ғанисозии фарҳанги фаронсавӣ дар кишварҳои ҷаҳон мебошад. Ҷаноби Эрик Любедал ҳамзамон аз омодагии хуби донишҷӯён ва пазироии гарми раёсат ва садорати факултет изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобиларо миёни кишварҳоямон боз ҳам тақвият медиҳем.

Дар маҳфил донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо саҳнаи театрикунонидаи худро намоиш доданд. Инчунин, донишҷӯён порачаҳо аз ҳикояву романҳои фаронсавӣ ва шеърҳоро аз осори бузургони Фаронса бо як маҳорати баланд пешкаши меҳмонон гардониданд.