Афзалият ба илмҳои дақиқ

862

Дар партави эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф” бо ибтикори садорати факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар мавзӯи «Дурнамои рушди энергетикаи плазмавӣ» ҷамъомади васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст декани факултети молиявию иқтисодӣ И.С. Шамсов суханронӣ намуда, омӯзиши мавзӯи нишастро ҷиҳати ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои илмию истеҳсолӣ зарур шуморид. Ҳамзамон, дар ҷамъомад декани факултети физикаи ДМТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Давлат Солеҳов ва декани факултети биология н.и.б., дотсет Акобир Каримов иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дигар масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта маърӯза намуданд.

Дар анҷоми нишаст вобаста ба мавзӯъҳои ироашуда саволу ҷавоб сурат гирифт.