***Як гурӯҳи устодону шогирдони факултети журналистика баҳори имсол ба шаҳрҳои Тошкенту Самарқанд мераванд …(барои таҷрибаомӯзиву ошноӣ бо раванди таълими журналистика дар донишгоҳҳои кишвари ҳамсоя ва ҳамзамон боздид аз нашрияи “Овози тоҷик”)
***Газетаи “ҚАЛАМ”-и факултети журналистика баъди таваққуфи бистсола аз нав эҳё мешавад… (ин газета 16 саҳифа дошт ва бо роҳнамоии устодон Пайванди Гулмуродзода ва Мурод Муродӣ нашр мегардид)
***Барои унвонҷӯёну муҳаққиқони факултети журналистика маҷаллаи илмии тақризшаванда бо номи “ЖУРНАЛИСТ” таъсис дода мешавад.(ин маҷалла кори муҳаққиқони ҷавонро осон намуда, навбатпоӣ ва пардохти маблағи нашр надорад)
***Имсол низ як нафар устоди факултаи журналистика соҳиби манзили истиқоматӣ мешавад. (навбати дуюми тармиму ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ аз ҳисоби собиқ хобгоҳҳо барои 39 нафар кормандони дигари ДМТ оғоз шуд)
***Оқибат бо пешниҳоди факултет ва раёсати донишгоҳ ба КОА ихтисоси журналистика ба Феҳристи ихтисосҳое, ки аз рӯйи он унвонҳои илмии дотсент ва профессор дода мешавад, ворид гардид, ки орзуи деринаи мост.
***Сохтмони бинои СТТ, ки дар пояи он ТТ ДМТ таъсис меёбад, рӯзҳои наздиктарин ба охир мерасад.
– Ин нуқтаҳо ва бисёр масъалаҳои дигар рӯзи 24 феврал дар мулоқоти навбатии ректори ДМТ профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо 57 нафар устодону кормандони факултети журналистика таъкид гардид.
– Ректори донишгоҳи миллӣ профессор Қобилҷон Хушвахтзода анъанаву усули натиҷабахши кориро пеш гирифтааст. Дар давоми сол бо аҳли коллективи 19 факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳатман ду маротиба вохӯриву суҳбат ташкил менамояд.
– Дар ҳар як шашмоҳа ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Tajik National University дар такя ба нақша чорабиниҳои таҳиягардида аз фаъолияти таълимиву илмиву тарбиявии устодону кормандони факултетҳо натиҷагирӣ менамояд. Ин натиҷагирӣ дар баробари пешравиҳо ҳама нуқсонҳову камбудиҳои мавҷударо ошкоро фаро мегирад ва танқидҳо созанда мешаванд..
Ин як усулест, ки ҳар як кормандро ба масъулият даъват менамояд.
-Чунин нақша чорабиниҳо аллакай натиҷаи худро дода истодаанд. Зеро аз суҳбатҳои қаблӣ то сӯҳбати навбатӣ корҳои иҷрошуда маълум мегарданд ва нуқтаҳои заъф бори дигар мавриди муҳокима қарор мегиранд.
– Суҳбату вохӯрии ректори донишгоҳ дар таърихи 24.02.2023 бо устодону кормандони факултети журналистика 2 соат идома ёфт. Фаъолияти шашмоҳаи факултет аз ҷониби ректор ҳамаҷонибаву амиқ таҳлил гардид, ки албатта, аз танқиду гилаҳои ҷиддӣ низ иборат буд. Чунин ҷаласаву вохӯрии ректор бори сеюм аст, ки дар факултет баргузор мегардад.
– Фикр мекунем, ки роҳбари муваффақ ҳамонест, ки агар бо кормандони худ дар фосила қарор надошта бошад. Дар як рӯз дар чанд ҷаласаву чорабинӣ иштирок намудан ҳам кори саҳл нест. Аз ҳама муҳим натиҷа доштани чунин суҳбатҳо мебошад. Чунин натиҷаҳоро устодони факултети журналистика шоҳид мебошанд. Дар баробари танқидҳо баъзе ҳавасмандиҳо онҳоро дилгарм менамояд.