ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ШУНАВАНДАГОНИ ГУРӮҲҲОИ НАВИ ДОНИШКАДА

178

Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ чун анъана бо мақсади расонидани талабот ва низомномаи таҳсил ба самъи шунавандагони донишкада ва волидайни онҳо ҷаласаи кориро барои нимсолаи баҳории соли 2024 баргузор намуд. Ҷаласа бо иштироки директорони донишкада аз ҷониби Тоҷикистон Имомзода М.М. ва аз ҷониби Чин Лю Ҷианвей, ҳамаи омӯзгорон, шунавандагони гурӯҳҳои нав ва қаблӣ, ҳамчунин, волидайни онҳо баргузор гардид. Чорабиниро директори донишкада аз ҷониби Тоҷикистон ИмомзодаМ.М. бо суханони муқаддимавӣ оғоз намуда, нахуст шунавандагонро бо фарорасии нимсолаи нави хониш шодбош гуфт ва зарурати омӯзиши забонҳои хориҷиро дар асоси сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат шарҳ дод.

Директори донишкада аз ҷониби Чин Лю Ҷианвей зимни суханронии хеш изҳор намуд, ки умед дорем шунавандагони гурӯҳҳои нав аз имкониятҳои омӯзишии донишкада самаранок истифода намуда, вақти хешро ғанимат медонанд ва дар омӯзиши забон ва фарҳанги Чин ва бо ин васила дар пойдор нигоҳ доштани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин саҳми хешро мегузоранд.

Дар ҷараёни ҷаласа коргузори донишкада Казаков С. нисбат ба низоми корӣ дар Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ суханронӣ намуд. Дар охир чанде аз шунавандагони донишкада миннатдории хешро ба роҳбарияти донишкада ҷиҳати муҳайё намудани шароити созгори илмомӯзӣ баён намуданд.

Ашуралиева Шахзода