ҶАЛБИ ДОНИШҶӮ ДАР КОРИ ЛОИҲАИ ДОРУСОЗӢ

691

Дар доираи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат «Саноатикунонии босуръати кишвар» ва омодасозии мутахасси саноатчии дорусозӣ аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар Парки технологии ДМТ лоиҳаи «Ташкили истеҳсолоти фитомаводҳои растанигӣ ва тиҷорати электронии онҳо» бо сарпарастии Барномаи рушди Созмони милали Муттаҳид ба кори худ оғоз кардааст.

Дар робита ба ин ба иттилои донишҷӯёни курсҳои 1-2-и факултетҳои фарматсевтӣ ва кори табобатӣ (электроникаи тиббӣ)-и ДМТ расонда мешавад, ки барои иштирок дар кори қисмати дуюми лоиҳа: «Ба роҳ мондани тиҷорати электронии маводҳои дорувории растанигӣ тавассути платформаҳои рақамӣ» озмӯн гузаронида мешавад.

Барои иштирокчӣ доштани саводи хаттии забони давлатӣ, русӣ ва малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ муҳим аст.

Барои донишҷӯёни ихтисосҳои «дорусозии саноатӣ» ва «технологияи маводҳои ороишӣ ва атторӣ» бартарият дода мешавад.

Иштироки донишҷӯи лаёқатнок аз дигар факултетҳо низ пазируфта мешавад.

Марҳилаи аввали озмӯн ба тариқи пур карда фиристодани «анкета-резюме» ба почтаи:Filfarm@List.ru ба ҷо оварда мешавад.

Ғолибони марҳилаи аввал барои сӯҳбат даъват карда мешаванд.

Ба Шумо малака, таҷриба ва имконияти кор дар барномаҳои баландмақом муяссар мегардад.

Шуморо муваффақиятҳои бузург дар пеш аст!

АНКЕТА-РЕЗЮМЕ