ҶАЛБИ МУТАХАССИСОН БА ҶОЙИ КОР

1029

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон тибқи «Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» дар донишгоҳ тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаи рӯзонаи хатми соли таҳсили 2020-2021 дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ гузаронида шуд. Ҳамасола ҷиҳати тақсимоти хатмкунандагони донишгоҳ Комиссияи тақсимоти мутахассисони ҷавон таъсис дода шуда, дар ин самт вохӯриҳо доир мегардад. Зимни баргузории вохӯриҳо намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва хатмкунандагон иштирок намуда, дар самти фаъолияти минбаъдаи хатмкунандагон машварат гузаронида мешавад. Санаҳои 13-16.04.2021 дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён миёни хатмкунандагони факултетҳои механикаю математика, физика, химия, геология, филология, журналистика, Осиё ва Аврупо ва филологияи рус вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар он намояндагони раёсати таълим ва садорати факултетҳои мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯриҳо намояндагони Китобхонаи миллӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи телевизион ва радио, Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ, Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, ҶСК «Экспедитсияи геофизикӣ», Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ҶСК «Телерадиоком», Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, МД «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия»-и ҶСК «Ширкати Алюминийи тоҷик», Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ва дигар ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин самт шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ муаззаф гардида, ҷиҳати хуб ба роҳ мондани фаъолияти хатмкунандагон тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст. Чунин вохӯриҳо бо хатмкунандагони дигар факултетҳо идома доранд.