Имрӯз тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаи рӯзонаи факултетҳои таърих, фалсафа ва муносибатҳои байналхалқӣ, хатми соли таҳсили 2021-2022 дар ихтисосҳои равияи ғайриомӯзгорӣ, бо иштирок намояндагони Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб, Сарбойгоншиносии БИД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ҶСК «Хизматрасонии технологияҳои бонкӣ», ҶТ «Ирода», РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ташкилоти «Зеркало» ва дигар ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Намояндагони ташкилоту идораҳо ҷиҳати хуб ба роҳ мондани фаъолияти таҷрибаомӯзии хатмкунандагон аз имкониятҳои сохторҳои марбутаи хеш иттилоъ дода, ҷалби мутахассисони соҳибзавқро омили рушди ташкилот ва корхона хеш шумориданд.