(20.12.2019) Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати ДМТ дар арафаи ҳар ҷашну ид ба ниёзмандону эҳтиёҷмандон кумаки моддиву ғизоӣ мерасонад.
Дар ҳамин росто бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ ба Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор маводи хӯрокворӣ, аз қабили орду биринҷ, шакар, равған, макарон, чой, кулчақанд, нону намак хокаи шустушӯӣ, картошкаю пиёзу сабзӣ расониданд. Дар расонидани ин маводи хайриявӣ муовини ректор оид ба тарбия Ҷ.Раҳмонова, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Т.Раҷабов, мухбири нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» Н.Худойдодова, инчунин, як қатор устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар аснои мулоқот бо маъюбони мактаб-интернати мазкур аз вазъият ва шароити зисти онҳо огоҳ шуда, тарбиятгирандагони он бо шеъру сурудхонии ватандӯстона аз ҳайати донишгоҳ миннатдорӣ намуданд.