ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДМТ

363

Имрӯз (27.04.2023) дар ҷаласаи васеъи устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ натиҷаи Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм», ки бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «145-солагии бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ», «2023 – Соли забони русӣ» ва «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи прияхҳо» доир гардид, ҷамъбаст шуд.

Дар ибтидо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. доир ба муҳиммияти баргузории конференсияи мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар конференсияи имсола маърӯзаҳои илмии устодону кормандон, докторантону аспирантон ва донишҷӯён доир ба масъалаҳои мухталифи илмҳои табиатшиносию ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Умед аст, ки маърӯзаҳои дар ин конференсия ироашуда барои ҳалли масоили гуногуни илмӣ то як дараҷа мусоидат намуда, дар оянда баҳри инкишофи соҳаҳои мухталифи илм ва ба ҳам пайвастани илму истеҳсолот заминаи хубе фароҳам меоварад, – афзуд Сафармамадзода С.М.

Дар охир устодони донишгоҳ н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърих Сабзалӣ Асоев, мудири истеҳсолоти таҷрибавӣ – дорусозии Парки технологии донишгоҳ Пайрав Халифаев, н.и.т., ассистенти кафедраи химияи татбиқии факултети химия Носир Наимов ва магистранти соли 1-уми ихтисоси забон ва адабиёти руси факултети филологияи рус Аҳророва Земфира дар робита ба мавзуъҳои гуногун суханронӣ намуданд.