ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ РАВИЯИ ИҚТИСОДӢ

32

Дар доираи нақшаи фаъолият дар соли 2024 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони МТОК курси такмили ихтисосро аз рӯйи равияи “иқтисодӣ” дар мувофиқа бо роҳбарони донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор намуд.

Курси такмили ихтисос аз рӯйи равияи “иқтисодӣ”, ки аз 22.10.2024 то 25.11.2024 баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дар курси такмили ихтисос омӯзгорони факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур фаъолона ширкат намуда, соҳиби диплом гардиданд.

Барои тадрис олимони соҳибмактаб ва соҳибунвон аз қабили академик Саидмуродзода Лутфулло, профессор Шариф Раҳимзода, дотсент Ашурбой Солеҳзода ҷалб шудаанд.