ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮЙИ РАВИЯИ ҲУҶҶАТНИГОРӢ ВА ЗАБОНИ КОРГУЗОРӢ

22

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна (МТМ) ва олии касбӣ (ОК) давра ба давра курсҳои такмили ихтисосро дар пояи донишкада ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор намуда истодааст.

Курси такмили ихтисос аз рӯйи равияи ҳуҷҷатнигорӣ ва забони коргузорӣ доир гардид. Дар курси такмили ихтисос омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов фаъолона ширкат намуда, соҳиби диплом гардиданд.

Барои тадрис олимони соҳибмактаб ва соҳибунвон, аз қабили профессор, Мирзоева М., профессор Назарзода С., дотсентон Латифзода С., Бобокалонов Ғ. ва муаллимони калон Сангалиев Х., Сафаров Ё. ҷалб шуданд.

Бояд гуфт, ки курси такмили ихтисос аз рӯйи равияи ҳуҷҷатнигорӣ ва забони коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, услубҳои таҳияи ҳисобот ва гузориш дар мақомоти давлатӣ, тарзу усулҳои таҳияи протокол дар мақомоти давлатӣ, тартиби кор бо ҳуҷҷатҳои воридоти ва содиротӣ дар мақомоти давлатӣ, нақши барнома, консепсия, стратегия ва дурнамои давлатӣ дар рушди хизмати давлатӣ, коргузории ҳуқуқи меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти қонунгузорӣ, мутобиқшавии иҷтимоию психологӣ ба шунавандагон расонида шуд.