ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «ДОНИШҶЎИ НАВОВАР»

540

Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ташаббуси бахши идоракунии лоиҳаҳои донишгоҳ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҷараёни таълим ва васеъ кардани имкониятҳои (ба кор таъминкунӣ) хатмкунандагон» миёни магистрантон, донишҷӯён, аспирантон ва хонандагони литсей озмуни «Донишҷӯи навовар – 2020» эълон гардида буд. Санаи 10-уми июли соли ҷорӣ озмуни мазкур ҷамъбаст гардид ва ба ғолибон аз ҷониби муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. диплом, мукофотпулӣ ва ифтихорномаҳо дода шуд.

Ҳамин тавр, дар озмун донишҷӯи курси 3-юми факултети химия Абдуҳалим Шукуров сазовори ҷойи аввал (дипломи дараҷаи I ва 2000 сомонӣ), донишҷӯи курси 3-юми факултети механикаю математика Зиёвуддини Маҳмадалӣ соҳиби ҷойи дуюм (дипломи дараҷаи II ва 1500 сомонӣ) ва магистрантони факултети фалсафа Алишер Гардоншоева ва Адиба Нурматова сазовори ҷойи сеюм (дипломи дараҷаи III ва 1000 cомонӣ) гардиданд.

Ҳамзамон, ба иштирокчиёни фаъоли озмун И.Турсунов, Ғафуриён Н.-донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодӣ, М.Розиқов, Ш.Эшонова, И.Носиров, М.Солеҳова, Ш.Рашидов ва Ш.Мизробзода – донишҷӯёни факултети иқтисод ва идора «Ифтихорнома»-и донишгоҳ дода шуд.