
Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасте таҳти унвони «Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ устодон, донишҷӯён ва кормандони илм иштирок доштанд. Ба ҳайси лекторат иқтисодчии калони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Раҷабов Алишер, ки таҷрибаи ғании таҳлили вазъи иқтисодӣ ва татбиқи стратегияҳои рушди иқтисодиро дорост, суханронӣ намуд.
Зимни баромади худ Раҷабов Алишер таъкид намуд, ки бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даҳсолаи охир сатҳи камбизоатӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст.
Моҳи гузашта Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи камбизоатиро таҳлил намуда, хулосаи таҳқиқоти худро дар шакли маърузаи махсус нашр намуд. Ин таҳқиқот бар асоси нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, оморӣ ва чораҳои амалишуда анҷом дода шудааст.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалии худро дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 ба назар гирифта, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро қабул ва мавриди амал қарор додааст.
Тибқи ҳадафҳои стратегии мазкур, то соли 2030 коҳиши сатҳи камбизоатӣ то 10% пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад, Тоҷикистон дар солҳои охир сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсати давлатиро пайваста такмил дода, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум чораҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, барои рушди соҳибкорӣ ва истеҳсолот, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шуда, шумораи субъектҳои фаъоли иқтисодӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст.