ҲАМКОРӢ БО “БУНЁДИ МУКОЛАМАИ ПЕРДАНА”-И МАЛАЙЗИЯ

378

Дар заминаи таҳкими ҳамкориҳо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони “Бунёди муколамаи Пердана”-и Малайзия (Perdana Dialogue Fondation):мудири иҷроияи “Бунёди муколамаи Пердана”-и Малайзия Муҳаммад Рафӣ Юсуф, доктор Қамарул Наим ва Нур Сулаймон корманди аршади Бунёди мазкур вохўрӣ анҷом доданд.

Дар мулоқот ректори донишгоҳ меҳмононро бо таърихи донишгоҳ, сохтор ва ҳайати устодону кормандон, зарфият ва имкониятҳо, вазъи кунунии таълиму тадрис, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ ошно намуда, зикр кард, ки донишгоҳ вобаста ба талаботи замон дар бештари ихтисосҳо кадрҳои лаёқатманд омода намуда, ҳамкории он бо сохторҳои илмию таълимии берун аз кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад.

Дар навбати худ меҳмонон ҳадафи ташрифи худро ба донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳо дар самтҳои илму маориф арзёбӣ намуда, ҷиҳати таҳвият бахшидани робитаҳои судманд бо “Бунёди муколамаи Пердана”-и Малайзия (Perdana Dialogue Fondation) ва омўзиши амиқу васеи илму техникаи муосир изҳори назар намуданд.