ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ КОПЕНГАГЕН

296

Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Копенгагени Ҷумҳуриии Дания дар робита ба табодули устодону донишҷӯён суҳбати маҷозӣ баргузор гардид. Дар суҳбат аз ҷониби донишгоҳ мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Қурбонов Қ.Ш. ва устоди факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Қосимзода Ҷ.С. иштирок намуда, дар самти табодули устодону донишҷӯён ва ташкили курсҳои омӯзишии забони форсӣ суҳбат намуданд.