ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ВАСЭДАИ ҶОПОН

286

Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. дар идомаи сафари корӣ дар Ҷопон аз Донишгоҳи Васэдаи Ҷопон боздид намуда, бо намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳи мазкур мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо мақсади вохӯриро дар густариш додани ҳамкориҳои ДМТ ва Донишгоҳи Васэдаи Ҷопон баён намуда, ҳамзамон, ҷиҳати ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, инчунин, дар робита ба татбиқ намудани барномаҳои муштарак андешаҳои судманд баён доштанд.

Ёдрас мешавем, ки Донишгоҳи Васэда 21 октябри соли 1882 таъсис дода шудааст. Донишгоҳи мазкур яке аз марказҳои калонтарини омӯзиши забони ҷопонӣ буда, дар он зиёда аз 300 фан ба донишҷӯён таҳсил дода мешавад. Омӯзиши масъалаҳои илмии технология аз ҷумлаи фанҳои омӯзишӣ мебошад.