Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо дабири кулли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Корея Алек Ли ва сардори Раёсати ҳамкориҳои хориҷии Корея дар Тоҷикистон Жебок Сим тариқи ҳузурӣ, инчунин, бо намояндагони донишгоҳҳои Корея тариқи маҷозӣ суҳбат намуданд.
Зимнан ҷониби Корея аз ҳаёти донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Корея сухан ронда, ёдовар шуданд, ки онҳо метавонан донишҷӯёни бештареро ба донишгоҳҳои худ қабул намоянд.
Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар самти рушди ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Корея тавсияҳои муҳим дода, зикр намуд, ки табодули донишҷӯёну омузгорон бештар ба роҳ монда шавад. Дар идомаи суҳбат Ректори донишгоҳ бо намояндагони Корея пешниҳод намуд, ки онҳо метавонанд Институти забономӯзии Корея дар назди ДМТ ва ё ихтисоси забони кореягӣ дар назди факултети забонҳои Осиё ва Аврупо ташкил намоянд. Илова бар ин, ҷонибҳо оид ба бунёд намудани бунгоҳи тиббӣ дар Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, инчунин, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самтҳои тиббию фарматсевтӣ гуфтушинид намуданд.