ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲҲОИ КОРЕЯ

403

Тавре иттилоъ дода будем ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо дабири кулли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Корея Алек Ли ва сардори Раёсати ҳамкориҳои хориҷии Корея дар Тоҷикистон Жебок Сим мулоқот намуд. Имрӯз (26.08.2022) роҳбарияти донишгоҳ намояндагони Ассотсиатсияи мазкурро ба ҳузур пазируфта, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба фаъолияти илмию таълимии донишгоҳҳои ҳамкор ва табодули устодону донишҷӯён, инчунин, ташкили курсҳои забономӯзӣ ва сохтмони иншооти замонавии тиббӣ-беморхона дар Шаҳраки донишҷӯён табодули афкор намуданд. Гуфта шуд, ки ҷониби донишгоҳҳои Корея омодааст, ки дар самти илмҳои тиббию фарматсевтӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар доираи имкониятҳо дар пояи ДМТ марказҳои омӯзишӣ ва беморхонаи замонавиро сохта ба истифода диҳад.