ҲАМКОРӢ БО «МЕГАФОН -ТОҶИКИСТОН»

261

   Имрӯз (11.05.2021) дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар соҳаи илму маориф ва дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъ гардонидани имкониятҳо аз назария ба амалия (ба кор таъминкунӣ)-и донишҷӯён» мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо директори минтақавии ҶСП «ТТ мобайл» (ҳоло «Мегафон-Тоҷикистон») дар шаҳри Душанбе П.Д. Давлатов доир гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти хуб ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи рушди таҳсилот ва телекоммуникатсия, инчунин, таҳия ва амалисозии барномаҳои таълимӣ, ҷорикунии технологияҳо ва таҷрибаомӯзӣ табодули афкор намуда, дар зимн миёни ҷонибҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ҳамзамон, дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ намояндагони «Мегафон-Тоҷикистон» бо донишҷӯёни факултетҳои механикаю математика, физика ва факултетҳои иқтисодии донишгоҳ вохӯрӣ намуданд. Дар вохӯрӣ намояндагони «Мегафон Тоҷикистон» доир ба имкониятҳои мавҷудаи ташкилот, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ва таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ суханронӣ намуданд. Тавре ба мо мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Ҷ.Т. Абдуллоев иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама, омӯзиши таҷриба ва ба ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯён, инчунин, рушди ҳамкориҳои илмию эҷодӣ мебошад.