ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМИИ ФАРОНСА

114

Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ, тоҷикӣ ва таҳқиқи осори адибон, табодули муҳаққиқону донишҷӯён, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва форумҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Зикр шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муассисаи пешбари низоми таҳсилоти олии касбии кишвар дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ пешоҳанг мебошад. Донишгоҳ на фақат дар кишвар, балки дар минтақа дорои мактаби эътирофгардидаи забоншиносонбуда, дар таҳкими робитаҳои илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ нақши муассир дорад.

Дар интиҳо ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани табодули донишҷӯён дар асоси бурсияҳо ба мувофиқа омаданд ва ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.