ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ

885

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллӣ бо муассисаҳои илмию таълимии Давлати Кувайт гурӯҳе аз толибилмони яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Давлати Кувайт (иборат аз 12 нафар) бо роҳнамоии масъулин: Аббос Мурод мудири бахши мактабҳои миёна дар Вазорати маориф, Аҳмад Сарроф сарвари гурӯҳи рӯзноманигорони Маркази рушди Кувайт ва дигарон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо масъулини донишгоҳ ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо мулоқот намуданд. Қабл аз вохӯрӣ меҳмонон бо роҳбаладии муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х. ва декани факултети Осиё ва Аврупо Р.Шодиев аз марказҳои илмию таълимии факултет, аз ҷумла маркази омӯзиши забонҳои Ҳинду Покистон ва синфхонаи лингофонии омӯзишии забони чинӣ, инчунин, аз китобхонаи кафедраи филологияи араб боздид намуданд.

Меҳмонон ҳадафи ташрифи худро рушд бахшидани муносибатҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон бо Давлати Кувайт ва аз наздик шинос шудан онҳо бо имкониятҳои таҳсил дар Донишгоҳи миллӣ унвон намуданд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти табодули устодону толибилмон ва беҳтару бештар намудани таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи арабӣ, ҳамзамон, рушд бахшидани муносибатҳои дипломатии муассисаҳои таҳсилоти миёна бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ андешаронӣ намуданд.

А.Тураев