ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАИ ФАРҲАНГИИ ДУБАЙ

378

Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Дубай вохӯрӣ намуданд.

Меҳмонон – доктор Муҳаммад Комил Муайнӣ, муассис ва раиси Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Дубай (АМА), доктор Юсуф Ал-Собирӣ (собиқ Сафир), Раиси Шурои мудирони Донишкадаи мазкур ва доктор Аҳмад Ал-Ҷарвон, аъзои Шурои мудирони Донишкада.

Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ аз имконияту зарфияти илмию таълимии донишгоҳ, хусусан дар самти арабшиносӣ ва барномаҳои таълимӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати густариш бахшидани ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ пешниҳодҳои судманд намуд.

Муҳаммад ал-Муайнӣ зимни суханронии хеш рушди масъалаҳои таълиму таҳқиқ: омода намудани мутахассисон ва иҷрои корҳои илмию таълимиро ҳадафи ташрифи худ унвон намуд.

Дар охир ҷонибҳо дар самти ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ҳамкорӣ пешниҳодҳои судманд намуда, ҳамчун рамзи дӯстӣ ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.