ҲАМКОРӢ БО ОҶОНСИИ ЭСТОНИЯ

103

Имрӯз (22.06.2021) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. намояндагони Оҷонсии аврупоӣ оид ба назорати сифати таълими Ҷумҳурии Эстонияро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот директори Оҷонсии мазкур Ҳелли Матисен бо намояндагони донишгоҳ дар доираи амалишавии барномаи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», имконият ва талаботи нави сифати таҳсилот дар замони муосир, беҳтар гардонидани мазмуну муҳтавои мақолаҳои илмӣ ва ҷустуҷӯйи имтиёзҳо ба донишҷӯёни донандаи хуби забони англисӣ мубодилаи афкор намуданд.

Бояд гуфта шуд, ки Оҷонсии аврупоӣ оид ба назорати сифати таълими Ҷумҳурии Эстония яке аз ташкилотҳое мебошад, ки ба масъалаи аккредитатсия ва назорати сифати таълим таваҷҷуҳ намуда, бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд дорад.

Зимни мулоқот муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М., муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. ва дигар шахсони масъули донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.