ҲАМКОРӢ БО ҶСК “АЗОТ”- КАЛОНТАРИН КОРХОНАИ ХИМИЯВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

500

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Левакант ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” ташриф оварда, калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар мамлакатро пас аз таҷдиду азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи “Азот” дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини талаботи хоҷагидорону кишоварзони мамлакат бо нуриҳои минералӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, боз ҳам беҳтар таъмин намудани аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ навсозӣ карда шуда, бо навтарин технологияи ширкатҳои пешрафтаи давлатҳои ҷаҳон муҷаҳҳаз карда шудааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дубора фаъол сохтани ин иқтидори бузурги саноатии мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон қарор дошт ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир ҷиҳати таъмини бештари амнияти ғизоии мамлакат ва ба кор андохтани ин зарфияти азими истеҳсолӣ масъулонро вазифадор мекарданд.

Бо фаъол гардидани корхонаи мазкур зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони мамлакат, хоса ҷавонони соҳибтахассус бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Мақсад аз боздиди декани факултети химияи Донишгоҳи миллӣ, дотсент Файзуллозода Эркин аз корхонаи мазкур ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию таҷрибавӣ буд. Гуфта мешавад, ки бо директори генералии корхонаи мазкур дар якчанд самтҳо табодули афкор сурат гирифта, усед аст, ки ҳамкориҳо бо факултети химия оғоз меёбанд.