ҲАМКОРӢ БО СОХТОРҲОИ ИЛМӢ-ТАЪЛИМИИ КОРЕЯ

445

Мақсад аз вохӯрии намояндагони Коллеҷи лифти Корея (Korea Lift College) таҳти роҳбарии маъмурияти Коллеҷ Хюнсук Ли ва сардори Раёсати ҳамкориҳои хориҷии Корея дар Тоҷикистон Жебок Сим бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба буд.


Дар вохӯрӣ намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Абдуллоев С., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. ва иҷрокунандаи декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Ҷаъфаров С. иштирок доштанд.


Дар зимн ҷонибҳо дар самти шиносоӣ аз имкониятҳои илмию таълимии Донишгоҳи миллӣ ва фаъолияти Коллеҷи лифти Корея, таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ, густариш бахшидани самти забономӯзии ҷавонон ва таъсиси марказҳои гуногуни таълимӣ дар Донишгҳи миллӣ табодули афкор намуданд. Таъкид шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи факултети муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ таъсиси маркази таълимӣ талаботи замон мебошад.