ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

452

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» роҳандозӣ шудааст, ки дар кори он роҳбарон ва намояндагони сохторҳои мухталифи байналмилалӣ иштирок доранд. Дар заминаи он Дабири кулли Созмони муколамаи ҳамкориҳои Осиё (СМҲО), профессор Порнчай Данвиватаном ба Душанбе ташриф овардааст.

 Имрӯз (06.06.2022) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. меҳмони олиқадрро бо намояндаи ВКХ ба ҳузур пазируфта, дар самти рушди ҳамкориҳо табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот ректори донишгоҳ дар бораи вазъи илму таълими донишгоҳ ва робитаи он бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар ба меҳмон иттилоъ дода, гуфта шуд, ки дар қадами аввал барои рушди ҳамкориҳо бо Созмони мазкур бояд созишнома ба имзо расад.

Профессор Порнчай Данвиватаном доир ба сиёсати пешгирифтаи Созмони муколамаи ҳамкориҳои Осиё ва ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои хориҷ суханронӣ намуда, афзуд, ки имрӯз роҳбарияти Созмон дар самти омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат таваҷҷуҳи вижа доранд ва дар ин самт ҳамкориро зарур мешуморад.

Зимнан ҷонибҳо бобати таҳкими ҳамкориҳо, аз ҷумла ташкили ҳамоишҳои маҷозию ҳузурӣ табодули афкор намуда, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.