ҲАМКОРӢ БО “СПИТАМЕН БОНК”

733

Имрӯз (01.06.2021) бо мақсади рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ намояндагони ҶСП “Спитамен Бонк” (У.С.Ҳикматов) ба донишгоҳ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти дастгирии донишҷӯён ва баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо табодули афкор намуда, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои таҷрибаомӯзиро муҳим арзёбӣ намуданд. Дар мулоқот аз ҷониби ҶСП “Спитамен Бонк” ба роҳбарияти донишгоҳ барномаи таълимӣ “Саводнокии молиявӣ”, ки муаллифаш У.С.Ҳикматов мебошад, тақдим гардид.

Зимни супоридани китобҳо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ин иқдоми пешгирифтаи «Спитамен Бонк»-ро барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён саривақтӣ арзёбӣ намуд. Дар охир ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои таълимию тарбиявӣ созишнома ба имзо расониданд.