ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ ИЛМҲОИ ТИББӢ, ФАРМАТСЕВТӢ

315

Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба муовини ректор оид ба рушд ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Вазорати тандурустии Федератсияи Русия Флягин Михаил Александрович ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо намояндагони ДМТ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар масъалаи татбиқи барномаи таълимии «2+2», табодули донишҷӯёни риштаҳои тиббию фарматсевтӣ, рушди равобити таҷрибаомӯзӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос, инчунин, баргузории ҳамоишҳои илмию таълимии муштарак ва ғайра табодули афкор намуданд.

Дар зимн тарафҳо ҷиҳати густариш ёфтани ҳамкориҳои байналмилалӣ пешниҳоди мушаххас намуда, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ Мирзамонзода Х.М., декани факултети тиббӣ Талабзода С.М. ва декани факултети фарматсевтӣ Раҷабзода Ф.К. иштирок ва суханронӣ намуданд.