ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ ИЛМУ ТАЪЛИМ

452

Имрӯз ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. атташей оид ба фарҳанг ва ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Миёна Серж Беллиниро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғоз ректори донишгоҳ ташрифи меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ суханронӣ намуд.

Дар мулоқот  Серж Беллинӣ роҷеъ ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ суханронӣ намуд.

Зимнан ҷонибҳо дар самти табодули устодону донишҷӯён, дарёфти барномаҳои муштараки илмию таълимӣ, баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ табодули афкор намуданд.