ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ МАСЪАЛАҲОИ ГЕОЛОГӢ

324

Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо директори Ширкати «Макромайн» дар Осиёи Марказӣ Жасхан Байров, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ Оймуҳаммадзода Илҳом Султон ва намояндаи ширкати мазкур Умед Мансуров вохӯрӣ намуда, дар самти мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи геология табодули афкор намуданд.

Дар аввал Ректори донишгоҳ оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва ташкили роҳҳои нави ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо Ширкати «Макромайн» суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар заминаи ихтисосҳои аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи ККФ, корҳои маркшейдерӣ, инчунин, ташкили синфхонаҳои илмию таълимӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ ва таъмини донишҷӯён ба ҷойи кор табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрии мазкур намояндагони донишгоҳ, аз ҷумла муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И.Ғ. ва декани факултети геология Амдамов Р. иштирок ва суханронӣ намуданд.