Институти илмию таҳқиқотии ДМТ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои илмию амалиро бо донишгоҳҳои беруни кишвар ба роҳ мондааст.
Имрӯз (01.03.2023) бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар пояи Институти илмию таҳқиқотии ДМТ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тула ба номи Э.Н.Толстойи Федератсияи Русия онлайнконференсия дар мавзӯи “Тарақиёти илм дар замони муосир” баргузор гардид.
Дар конференсияи онлайнӣ директори ИИТ-и ДМТ, профессор Раҷабзода С.И. оид ба мавзӯи “Синтез ва омӯзиши реаксияи бо ҳам таъсиркунии ҳосилаҳои глитсерин бо аминокислотаҳо”, мудири озмоишгоҳи биотехнологӣ, профессор Песов Георгий Вячеславович дар мавзӯи “Ҳифзи биологии растани ҳамчун асос барои инкишоф биосеноз” ва магистранти озмоишгоҳи биотехнологӣ Прокудина Олга Владимировна дар робита ба мавзӯи “Татбиқи амалӣ ва истифодабарии биотехнология” маърӯза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ИИТ ДМТ барои мустаҳакам намудани равобити илмӣ бо якқатор донишгоҳҳои берун аз кишвар ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Вобаста ба ин иқдом озмоишгоҳҳои “Химияи глитсерин” ва “Химия ва технологияи растаниҳои доругӣ” – и ИИТ-и ДМТ бевосита чунин конференсияҳоро бо иштироки олимон ва мутахасисони дохилию беруна баргузор мекунанд.