ҲАМОИШ: РУШДИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

158

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот ва муаррифии ҳарчи бештари менеҷменти сифат аз ҷониби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни ҳисоботи солона (2020) соли 2021 дар донишгоҳ “Соли рушди сифати таҳсилот» эълон карда шуд. Зимнан барои хуб ба роҳ мондани иқдоми мазкур дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатї ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Имрӯз (19.05.2021) дар доираи нақшаи чорабиниҳои иқдоми мазкур дар пояи шуъбаи назорати сифати таҳсилоти раёсати таълими донишгоҳ дар мавзӯи «Сифати таҳсилот: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» бо иштироки ҳайати идоракунандаи сифати таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ семинари ҷумҳуриявии илмиву назариявӣ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт. Сипас муовини директори Агентии назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарализода Д.М. дар робита ба муҳимияти мавзӯи нишаст суханронӣ намуд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки сифати таҳсилот ҳамчун низоми доимоамалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК) ба ҳисоб рафта, барои беҳбуд бахшидан ба сифати таҳсилот, ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳнкунии иттилоот оид ба таҳсилот ва қисмҳои алоҳидаи он равона карда шудааст.

Дар идомаи ҳамоиш беш аз бист маърӯза, аз ҷумла маърӯзаҳои доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи молия ва суғуртаи ДМТ Иброҳимзода И.Р. “Усулҳои фаъоли таълим ҳамчун роҳи баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мутахассиси шуъбаи маниторинг ва идораи сифати таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Машокиров Ҷ.Н. “Хусусиятҳои татбиқи низоми менеҷменти сифат дар бозори хизматрасониҳои таълимӣ”, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи матбуоти ДМТ М.Муродӣ “Рушди технологияи иттилоотӣ ва мушкилоти омодагии касбии журналистон” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии маърӯзаҳо таъкид шуд, ки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарин аз қабили болоравии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтиссоси дар бозори меҳнат рақобатпазир ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Таваҷҷуҳи Ҳукумати кишварро дар ин самт аз таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк кардан мумкин аст, ки гуфтаанд: «…Тақозои замон аст, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста боло равад, ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад». Татбиқи чунин сиёсат бевосита ислоҳоти кулии соҳаи маориф, аз ҷумла, ҳамоҳангсозии низоми миллии таҳсилотро ба Стандартҳои ҷаҳонӣ тариқи гузариш ба низоми бисёрзинагии таҳсилот ва технологияи кредитӣ-модулии таълим, тақозо мекунад. Дар ин раванди гузариш муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқиро вобаста ба талаботи замон ва арзишҳои миллӣ мутобиқ сохта, дар омода намудани Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ пешоҳанг ва фаъол бошад. Дар баробари ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот гузариш ба низоми сезинагии таълим ва мутобиқ сохтани низоми таълим ба низоми байналмилалии муосир талаби замон мебошад. Ба ин хотир вобаста ба иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба низоми сезинагӣ: бакалавр (мутахассис), магистратура ва докторантураи Ph.D гузаштанд.

Дар ин раванд дар баробари танзими ҳуҷҷатгузории раванди таълим муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба сифати омода намудани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯ диққати хосса равона созанд. Аз ин рӯ, дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ворид гардидани муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот ва эътироф гардидани санадҳои меъёрии танзимкунандаи соҳаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори хориҷӣ зарурати таъсиси сохтори идоракунандаи сифат дар муассисаҳои таълимӣ пайдо гардид. Ба ин хотир қаблан дар назди Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи назорати сифати таҳсилот таъсис ва дар асоси мактуби ин сохтор дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуъбаи назорати сифати таҳсилот таъсис дода шуд, ки мақсади асосии он назорат ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар донишгоҳ мебошад.

Шарифзода С.Ш. – мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилоти ДМТ дар суҳбат бо мо афзуд, ки “мақсади асосии низоми идоракунии сифати таҳсилот дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, таҳлили ҳамаҷонибаи сифати воқеии таълим, танзими ҳуҷҷатгузорӣ ва муайянкунии самтҳои беҳдошти он мебошад. Умед аст, ки ҳамоиши мазкур барои беҳтар гаштани фаъолияти ин низом мусоидат менамояд”.