
Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23-юми май ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти Донишгоҳ, устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъол баргузор шуда, ба як фазои пурмуҳтаво ва илҳомбахши ватандӯстона табдил ёфт.
Ҳамоиш бо тамошои дастовардҳои илмию таълимӣ ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, пас аз он ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С. бо сухани муқаддимавӣ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз нақши ҷавонон дар пешбурди ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ суханронӣ намуд. Мавсуф ҷавононро ҳамчун қувваи созанда ва пешбарандаи давлату миллат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки маҳз бо неруи ҷавонони соҳибмаърифату ватанпарвар метавон рушди устувори кишварро таъмин намуд.

Сипас намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вакилони парлумон ва масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар суханрониҳои худ муҳим будани саҳми ҷавононро дар таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ мавриди баррасӣ қарор дода, аз ташаббусҳои ҷавонони кишвар дар соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш ва ихтироъкорӣ ёдовар шуданд. Онҳо таъкид доштанд, ки сиёсати давлатии ҷавонон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои муҳими дастгирии ин қишри фаъоли ҷомеаро дар бар мегирад.
Дар ҷараёни ҳамоиш андешаҳои ҷолиб баён гардид, ки ба рушди андешаи ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ миёни донишҷӯён мусоидат менамуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ як гурӯҳ аз устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъол барои саҳми арзандаашон дар корҳои тарбиявӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ бо Ифтихорномаҳо ва Сипосномаҳои сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамоиш бо намоиши барномаи рангини фарҳангии ансамбли халқии “Наврӯз”-и назди Донишгоҳ ба анҷом расид, ки дар он сурудҳо, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои тарбиявӣ пешкаши тамошобинон гардид. Барномаи фарҳангӣ рӯҳияи ватанпарастӣ ва эҳсоси ифтихор аз ватану миллатро боз ҳам таҳким бахшид.
Чунин чорабиниҳо собит месозанд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созандаву ояндасози кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи самтҳо фаъолона иштирок дошта, дар рушду таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми сазовор мегузоранд.