Таҳти чунин унвон имрӯз (19.06.2026) дар толори калони бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ, устодону кормандон ва намояндагони мақомоти давлатӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода Сафармамад зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокдоронро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, аз аҳаммияти таърихии ин санаи сарнавиштсоз ёдовар шуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ аз муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, таҳкиму пойдории ҳар яке аз онҳо ба дигаре таъсири мустақим мерасонад. Зикр шуд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озмоиши бисёр душвор рӯ ба рӯ гардид ва хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ ва парокандашавии миллат ба миён омада буд. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки он оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва бунёдкориро дар кишвар таъмин намуд.
Таъкид карда шуд, ки дар натиҷаи барқарор гардидани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, барои таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи Истиқлол, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаҳои мусоид фароҳам омаданд.
Дар идомаи ҳамоиш таъкид гардид, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, мавриди омӯзиши доираҳои гуногуни сиёсӣ ва илмӣ қарор гирифтааст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рукни асосии давлатдории миллӣ барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар кори ҳамоиш ходими шинохтаи давлатӣ, узви Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Олимҷон Салимзода, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, афсари калони Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирзода Назир, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёсуман Акрамзода, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умархоҷа Сафаров ва номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳ Бегмурод Амондуллоев оид ба аҳаммияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот ва рушди давлатдории миллӣ маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокдорон бори дигар аҳаммияти бузурги сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллатро дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон таъкид намуда, изҳори итминон карданд, ки мардуми Тоҷикистон минбаъд низ ин неъмати бузургро ҳифз намуда, барои пешрафту шукуфоии Ватани азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.








