АРҶГУЗОРӢ БА КОРНОМАҲОИ АҶДОДОНИ МЕҲАНПАРВАРИ ХУД

87

Ҳамасола бахшида ба Иди Ғалаба – 9-уми май дар Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи гуногун баргузор карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз 08.05.2024 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо ветеранҳои ҷангу меҳнат ва бартарафсозандагони садамаи НБА «Чернобил» ба хотири пос доштани хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ вохӯрии судманд намуд.

Ректори Донишгоҳ, пеш аз ҳама, ҳозиринро бо ин рӯзи таърихӣ самимона табрик намуда, иброз дошт, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи аҷдодони шуҳратманд буда, аз ҷониби дигар, тавассути он насли имрӯз аз қаҳрамониҳои ҷанговарон, корномаҳои аҷдоди меҳанпарвари худ бархурдор гардида, дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва анъанаҳои неки нииёгон тарбия меёбанд.

Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

Зимнан барои ветеранҳои ҷангу меҳнат ва бартарафсозандагони садамаи НБА «Чернобил» хони идона ороста, ҳамзамон, ба онҳо кумаки молиявӣ расонида шуд.