АРҶГУЗОРӢ БА МЕРОСИ ШОИРИ МУМТОЗИ ТОҶИК

10

Имрӯз (19.12.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 125-солагии шоири мумтоз ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Сайдалӣ Вализода, конференсияи илмӣ таҳти унвони «Сайдалӣ Вализода – пайвандгари фолклор ва адабиёт» баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи ҳамоиши илмӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба маҳфили илмӣ хайрамақдам гуфт. Таъкид кард, ки ин чорабинӣ бевосита дар доираи иҷрои дастури Сарвари давлат баргузор гардида, далели арҷгузории баланди давлат ба хизматҳои адабӣ ва фарҳангии Сайдалӣ Вализода мебошад.

Ректори Донишгоҳ зикр намуд, ки Сайдалӣ Вализода ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон бо ашъори пурғановат ва халқии худ эътибори баланд дорад. Ашъори шоир саропо аз руҳияи миллӣ, садоқат ба Ватан, дӯстиву бародарӣ ва арзишҳои инсонӣ иборат буда, ҳамеша мондагор мемонанд.

Сипас, декани факултети филологияи ДМТ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин ҳамоиш дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат дар самти худшиносиву худогоҳии миллӣ сурат мегирад. Ӯ таъкид кард, ки хизматҳои Сайдалӣ Вализода аз ҷониби Роҳбари давлат баҳои баланд гирифта, шоир воқеан намояндаи асили адабиёти халқӣ мебошад.

Дар идома, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология Аламхон Кӯчарзода бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, зикр кард, ки Сайдалӣ Вализода аз миёни халқ баромада, умри худро сарфи хизмат ба халқ кардааст. Ӯ гуфт, ки шоир ҳам достонҳои мардумӣ, аз ҷумла «Гуруғлӣ»-ро мехонд ва ҳам шеърҳои худро бо оҳангҳои марғуб миёни мардум месуруд.

Муҳаммадизода Қарор – мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ таъкид намуд, ки таҷлили 125-солагии Сайдалӣ Вализода гувоҳи мақому манзалати баланди ӯ дар ҷомеа мебошад. Ба гуфтаи ӯ, шоир дар эҷодиёти худ тамоми мазмунҳоро аз зиндагии воқеии халқ мегирифт ва маҳз ҳамин хусусият ӯро ба шоири дӯстдоштаи мардум табдил додааст. Ӯ таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллатро ба эҳёи номи шоир нишонаи арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ арзёбӣ кард.

Дар идома, профессор Равшан Раҳмонӣ доир ба нақши фолклор дар ташаккули адабиёт суханронӣ намуд. Таъкид кард, ки Сайдалӣ Вализода аз ҷумлаи он шоиронест, ашъораш саршор аз ҷанбаҳои мардумӣ буда, реша дар фарҳанги шифоҳии тоҷикон дорад.

Қисмати хотимавии ҳамоиш бо суханронии Хосият Вализода – фарзанди шоири мумтоз хеле самимӣ ва таъсирбахш баргузор гардид. Ӯ аз номи фарзандон ба Пешвои миллат барои таваҷҷуҳ ба мероси адабии падар изҳори сипос намуд. Ӯ аз таъсиси Хонаи-музейи Сайдалӣ Вализода ёдовар шуда, ҳамчунин, зиндагиномаи ӯро мухтасар қисса намуд.

Дар охир донишҷӯёни Донишгоҳ аз ашъори шоир порчаҳои шеърӣ қироат карданд.