ҶАРАЁНИ ДАВРИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

232

Дар Донишгоҳи миллӣ даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷараён дорад. Озмуни мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав роҳандозӣ шудааст.

Аксҳо аз ҷараёни озмун.