ҶАРАЁНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

488

‌Дар факултети физикаи Донишгоҳи миллӣ олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика ҷараён дорад. Дар панҷ синфхона донишҷӯён тақсим шуда, беш аз шаст нафарро ташкил медиҳанд. Дар олимпиадаи мазкур дар баробари донишҷӯёни тоҷик, инчунин, донишҷӯён аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Афғонистон иштирок доранд.

Тибқи талаботи олимпиада саволномаҳо бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шуда, муҳлати ҳалли масъалаҳои чор соат муайян шудааст.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур дар партави эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мегузарад. Натиҷаи олимпиада фардо: 30-юми март, соати 14:00 эълон хоҳад шуд.

Ба ҳама иштирокчиёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ муваффақият хоҳонем!