АРЗИШИ ОИЛА ВА СОЛИМИИ ҶОМЕА — МЕҲВАРИ ҲАМОИШИ ТАРБИЯВӢ ДАР ДМТ

13

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май ҷашн гирифта мешавад, таҳти унвони «Оилаи солим – асоси ҷомеаи солим» ҳамоиш маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ муовини ректор оид ба тарбия Маҷидзода Д., мудири шуъбаи кор бо занони раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ҳакимзода С., мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино Ҳасанзода Ш. ва дотсенти кафедраи ташхиси функсионалӣ ва лобараторияи клиникӣ Каримова О. маърӯза намуда, ҷойгоҳи оила ва эҳтирому арзишҳои онро дар замони соҳибистиқлолии мамлакат баланд арзёбӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ташаккул ва рушди оила дар ҷомеа таърихи дуру дароз дошта, дар тамаддуни инсонӣ он ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, воситаи муошират ва муносибати иҷтимоие аст, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ дар он ташаккул ёфта, рушд кардаанд. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Зеро тарбия намудани фарзандони саводноку бомаърифат ва дорои ахлоқи воло дар пешрафти ҷомеа ҳисса хоҳанд гузошт.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ширкаткунандагони ҳамоиш даъват ба амал оварда шуд, ки дар побарҷо мондани оила, пеш аз ҳама, зан-модар бояд саҳми зиёд дошта бошад, зеро муҳити фазои хона, солимию баракати зиндагӣ дар дасти зан мебошад. Фазилату фаросати зан меҳвари зиндагии бомаром ва саодати ҳар хонадон аст.