ҶАШНИ МАРДОНАГИВУ ВАТАНДОРӢ

385

ТАБРИКОТИ

РЕКТОРИ ДМТ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА 29-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам.  

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷашн гирифта мешавад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар баробари дигар унсурҳо мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад.  Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Тавре  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди  Ватани азизамон мебошад.Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷоъи худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд”.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони азиз!

Имрӯз ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи шуҷоъату мардонагӣ ва ҳимоят аз арзишҳои миллию давлатӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ фаъолият дорад, ки донишҷӯён пас аз хатми донишгоҳ ва кафедра метавонанд ба муддати як сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат намоянд. Донишҷӯён-ҷавонон дар ин мактаби шуҷоъату матонат дар рӯҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, содиқ будан ба Ватану миллат омода гардида, барои саҳм гузоштан дар таъмини амният ва оромии ҷомеа сафарбар мешаванд.

Умед дорем, ки ҷавонони мо дар қатори хизматчиёни ҳарбӣ аз пештара бештар истиқлолу озодии Ватан, амнияти давлат ва суботу оромии мардумро чун сипари боэътимод  ҳимоя мекунанд.

Дар охир ба ҳамаи Шумо сарбаландиву саодат ва фаъолияти пурсамарро баҳри оромии ҷовидонаи Тоҷикистони азиз орзу менамоям.

Ҷашн муборак ҷавонони шуҷоъи Ватан!