МАВЛОНО – ТАРАННУМГАРИ ВАҲДАТ

611

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист.

Ҳамин аст, ки ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногуни илмиву адабӣ таҷлил мешавад.

Ба хотири бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз (21.09.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён даври умумидонишгоҳии озмуни «Мавлонохонӣ» доир гардид.

Дар он донишҷӯён аз факултетҳои гуногуни донишгоҳ ширкат варзида гурӯҳе аз онҳо аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ порчаҳои шеърӣ қироат карданд.

Гуфта мешавад, ки ғолибони озмун аз ҷониби кумитаи тадорукот қадрдонӣ мегарданд.