ҶАВОНОН-ДОНИШҶӮЁНИ ДМТ ҒОЛИБИ ОЗМУНҲОИ КУМИТА ГАРДИДАНД

608

Дирӯз (5.01.2022) бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 аз рӯйи 12 номинатсия ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумита дар соли 2021 баргузор гардид. Дар маросим ҷоизаҳо аз ҷониби роҳбарони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба ғолибон дар фазои тантанавӣ супорида шуд. Дар озмунҳои эълоншуда зумрае аз донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, аз ҷониби Кумита бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар номинатсияи «30 ҷавонони муваффақ дар соли 2021»:

 -Раънои Насриддин –донишҷӯйи курси якуми факултети филология.

Дар номинатсияи «Беҳтарин тарғибгари соҳаи кор бо ҷавонон дар шабакаи фейсбук дар соли 2021»:

 -Саидамадзода Муҳайё – донишҷӯйи курси 4-уми факултети журналистика.

Ғолибони стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш:

 -Исмонзода Ёсуман Ҳайдар – донишҷӯйи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ;

 -Содиқзода Фархунда Асадулло – донишҷӯйи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ;

-Додхудо Шарипов – донишҷӯйи курси 4-уми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии факултети фалсафа.

Ғолибони озмуни ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, техника, технология ва навоварӣ (инноватсия) дар соли 2021

Дар соҳаи адабиёт:

– Иззатзода Баширхон Тоирӣ – донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси забон ва адабиёти руси факултети филологияи рус.

Дар соҳаи рӯзноманигорӣ:

Мирсаиди Хайрулло – магистранти факултети журналистикаи донишгоҳ, ҳамзамон, муҳаррири шабакаи радиои «Садои Душанбе».

Дар соҳаи техника, технология ва навоварӣ:

-Ҳабибуллозода Алишер Ҷамшед – донишҷӯйи курси 4-уми факултети иқтисод ва идора;

-Кабирова Маҳноза Зафаровна – донишҷӯйи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар чорабинии мазкур донишҷӯёни донишгоҳ (Омина Рустамова – донишҷӯйи курси 2-юми факултети журналистика ҳамчун ровӣ аз љумлаи онњо) фаъолона ширкат варзиданд.

Муваффақият муборак ҷавонон-донишҷӯёни гиромӣ!