ҶАВОНОН ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТАНД!

1203

Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 Мо – аҳли ҷомеаи ин кишвари куҳанбунёд аз он ифтихор ва шукргузорӣ менамоем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, таҳсилу фаъолияти меҳнатии онҳо беш аз пеш таваҷҷуҳу муҳаббати хоса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат дар сиёсати давлатии худ бо мақсади ҳамқадами замон тарбия кардани наслҳои ҷавон ва аз дастовардҳои илмиву техникӣ бархурдор гардидани онҳо ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот афзалият доданд.

Рушду пешрафти мамлакат ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор дар робитаи ногусастанӣ қарор дорад. Дар робита ба ин рисолати таърихӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ талош менамояд, ки ҷавонони мо соҳиби илму дониш, касбу ҳунар ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии васеъ гардида, дар рушди босуботи кишвар саҳми назаррас гузоранд. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд: «Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем».

Фаромӯш набояд кард, ки мо таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллии худро танҳо бо худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дониши комил ва одобу ахлоқи ҳамида таъмин карда метавонем ва дар ин кор ҷавонони кишвар бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.

 Имрӯз дар рушди донишгоҳ саҳми насли ҷавонро хеле хуб эҳсос мекунем ва дар коргузории хеш ба неруи созандаи ҷавонон бештар авлавият медиҳем. Аз ин рӯ, кулли ҷавонони кишвар, донишҷӯёну наврасонро даъват менамоям, ки бо ифтихор аз арзишҳои ҷовидонии Ватан, модар, давлати соҳибистиқлол, фарҳангу суннатҳои милливу мазҳабии тоҷикон, бо ҳифзи аслу насаби худ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат баҳри гулгулшукуфоӣ ва ободӣ, таҳкиму пойдории давлату Ватан неруву тавоноии хешро дареғ надошта, ҳамчун ояндасози миллат дар рушди кишвари азизамон – Тоҷикистон қадами устувор бимонанд.

Рӯзи ҷавонон гиромӣ бод насли ҷавони кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон! Барои Шумо саломатӣ, рӯзгори хуш ва комёбиҳои бештаре дар таҳсилу фаъолияти меҳнатӣ хоҳонам.