ҶАВОНОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ – МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ IT ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ: БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАЪОЛУ ТАШАББУСКОР

131

16 октябри соли 2024 дар шаҳраки Донишҷуён вохӯрии намояндагони раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии Илмхона ва RobX бо донишҷӯёни фаъолу ташаббускори Донишгоҳ сурат гирифт.

Дар чорабинии сатҳи баланд нахуст директори Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муродзода У.У. ба сухан баромада, меҳмонону иштирокдорони чорабиниро хайрамақдам гуфтанд. Мавсуф дар идома оид ба мақсади ҳамкориҳои Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни илмӣ ибрози андеша намуда, онро зарурати замони муосир ва пайвастану дастарасӣ пайдо намудан ба дастовардҳои нави соҳаи инноватсия маънидод намуданд. Ҳамзамон, баргузории озмуни “Ихтироъкорони ояндасоз”, ки бори аввал дар таҷриба аз рӯи 5 номинатсия доир мегардад, иқдоми шоистаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, тартиби баргузории он ба иштирокчиён фаҳмонида шуд.

Дар идома сардори раёсати инноватсия Раҷабов Т. баромад намуда, аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, қайд карданд, ки шароити мавҷудаи таҳсилу илмомӯзӣ самараи ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар маҳсуб мегардад. Инчунин, зикр гардид, ки имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ барои таҳсилу донишандӯзӣ фароҳам буда, донишҷӯёнро месазад аз ин имкониятҳо ба таври васеъ истифода баранд.

Сипас, директори ташкилоти ҷамъиятии Илмхона Озодамо Фаромуз оид ба самтҳои фаъолияти ин ниҳоди муваффақи илмӣ баромад намуда, мақсади фаъолияти онро баланд бардоштани малакаҳои касбии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои амалисозии ғояҳои хусусияти илмиву инноватсионӣ дошта арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ бунёдгузор ва директори ташкилоти RobX Икромов С. суханронӣ намуда, оид ба таърихи таъсисёбӣ ташкилот, дастовардҳои он ва натиҷаҳои ҳамкорӣ бо Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромад намуданд. Аз ҷумла, зимни баромад барои иштирокчиён роботҳои замонавӣ ҳамзамон намунаи дастҳои сунъӣ (протез), ки дар ҳамкорӣ бо Парки технологӣ омода гардиданд, муаррифӣ гардид. Дар назар аст, ки пас аз коркард ва омӯзиши амиқи ин дастовард, он дар соҳаи тиб ба таври васеъ истифода бурда шавад.

Дар рафти чорабинӣ миёни меҳмонон ва донишҷӯён музокира дар сатҳи баланд доир гардида, иштирокчиён ба ҳама саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамкориҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятии Илмхона ва RobX дар заминаи Ёддошти тафоҳум бо Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, созишномаҳои мазкур аллакай самараи нек ба бор оварда истодаанд.