Дирӯз дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий чорабининии хотирмон бахшида ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли хониш доир гардида, хонандагони фаъол қадрдонӣ шуданд.
Зимнан таъкид шуд, ки Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ибтидои таъсисёбӣ дар мустаҳкам намудани фарҳанги бойи Чин ва Тоҷикистон, рушди забони чинӣ нақши назаррас гузошта истодааст. Тули 14 соли сипаригашта Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ ҳамчун як пули пайвасткунандаи забону фарҳанг миёни ду давлати бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин хизмат мекунад. Яке аз дастовардҳои назарраси Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дар 14 соли фаъолият аз он иборат аст, ки соли гузашта бо толошҳои пайваста ва якҷояи ҷониби Тоҷикистон ва Чин он бо бинои хуштарҳу замонавӣ дорои тамоми лавозимоти таълимӣ, синфхонаҳои дарсӣ, толорҳои маҷлисӣ, майдончаи варзишӣ, амфитеатри замонавӣ таъмин гардид. Ин дастовард аз муносибати дуҷонибаи дӯстонаи Тоҷикистону Чин маншаъ мегирад.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола бо ҷамъбасти нимсолаи аввали соли таҳсил баҳри қадршиносии фаъолон чорабинии хоса дар сатҳи Донишкада баргузор карда мешавад.