АЗ ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ ЗАБОНОМӮЗӢ ТО БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ

150

Имрӯзҳо дар доираи ҳамкориҳо бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. намояндагони Донишгоҳ: муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. ва директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон Имомзода М.М. ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд. Яке аз ҳадафҳои сафар рушд бахшидани ҳамкориҳо дар самти забономӯзӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуда истодааст. Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ талош дорад, ки бо шарикони хориҷӣ муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшида, омӯзиши забонҳои хориҷиро бештар ба роҳ монад.

Дар доираи ин сафар намояндагони ДМТ аз Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин боздид намуданд. Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки соли 1941 таъсис ёфтааст, яке аз самтҳои фаъолияташ таълим ва тадқиқоти забон ва адабиёти хориҷӣ мебошад. Дар ин Донишгоҳ 101 забон дарс дода мешавад, ки забони тоҷикӣ низ яке аз онҳо мебошад.

Дар доираи ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин соли 2017 дар Институти забони русии ин Донишгоҳ гурӯҳи забони тоҷикӣ таъсис дода шудааст. Табодули донишҷӯён ва омӯзгорон миёни ин ду донишгоҳ хуб ба роҳ мондааст.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии ректори Донишгоҳ, муҳтарам Насриддинзода Э. С. ин ҳамкориҳо ба сатҳи наврасонида шуданд. Моҳи сентябр омӯзгори факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Асозода Ҳусайнӣ дар доираи ҳамкориҳо барои тадриси фанни тарҷумаи забони хитоӣ-тоҷикӣ ба донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси забони тоҷикӣ ба Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин равона гардида буданд. Ин навбат, намояндагони ДМТ бо роҳбарият ва масъулини Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин мулоқот намуда, роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду донишгоҳ – ДМТ ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин табодули андеша намуданд. Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки тадриси забони тоҷикӣ дар ин Донишгоҳ аҳамияти махсус дорад, зеро ин аввалин муассисаи таълимии Чин аст, ки омӯзиши забони тоҷикиро дар дохили Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ мондааст.

Дар зимн чорабинии фарҳангии омоданамудаи донишҷӯёни ихтисоси забони тоҷикӣ намоиш дода шуд, ки дар он сухан аз ҷашнҳои таърихии моҳи ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсия гуфта шуд. Илова бар ин, донишҷӯён аз ашъори адибони муосири тоҷик порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.