АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ТО БАРРАСИИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ МУШАХХАС

241

Имрӯз (08.10.2024) дар ҷаласаи назоратии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С., ки бо садорати факултетҳо ва сохторҳои гуногуни Донишгоҳ доир гардид, омодагиҳо ба ҷанбасти фаъолияти нуҳмоҳа, инчунин, масъалаҳои мубрами самтҳои илму таълим ва молиявию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ректори Донишгоҳ доир ба ба фаъолияти назарраси сохторҳои марбутаи Донишгоҳ суханронӣ намуда, дар самти иҷрои дастуру супоришҳо тавсияҳои судманд дод. Зикр гардид, ки вазифаи муҳими аҳли Донишгоҳ, қабл аз ҳама, татбиқи тадриҷии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар раванди таъдиму тарбия ва ҷоннок намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, инчунин, баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори Донишгоҳ ва мавқеи омӯзгор мебошад.

Дар фарҷом барои боз ҳам беҳтар шудани фаъолияти сохторҳои Донишгоҳ, ҷиҳати иҷрои як қатор нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.